پنج شنبه, 22 آبان 1393 ساعت 03:30

«......Рўдакї риштаву занљири назми форсї ва»

این مورد را ارزیابی کنید
(0 رای‌ها)
                        «Рўдакї риштаву занљири назми форсї ва.
      Маќолае ба ќалами доктор Шеърдўст дар маљаллаи фарњангии «Марворид»
Мардумони бихрад андар њар замон,
Рози донишро ба њар гуна забон.
Љамъ карданду гиромї доштанд,
То ба санг андар њаме бингоштанд.
Ду моњномаи фарњангї-иљтимоии «Марворид» аз маљаллоти вазине аст ба мудирии масъули Гито Алиободї, ки дўсти адиб ва фарњехтаам љаноби оќои Њажири Тењронї дар интишор ва ба табъ расидани он талоши фаровоне доштааст ва бо вуљуди ин ки ќариб ду сол аз интишораш бештар намегузарад, валекин љойгоњи хубе дар байни ањли фарњанг ва мутолиаи Эрон ёфтааст. Ин маљалла дар шумораи нуњ ва дањи  худ суханрониеро аз ман ба чоп расонидааст, ки  дар замоне, ки дар кисвати сафир ва намояндаи Эрон дар Тољикистон машѓули фаъолият будам, дар Академияи улуми ин кишвар эрод кардам. Унвони суханрониам «Рўдакї ришта ва занљираи назми форсї ва бунёнгузори њувияти шеър ва забони эронитаборон» аст. Бе муносибат надидам бар муаррифии ин навиштор ва низ ин маљаллаи вазин матлаберо, ки чанде ќабл дар тайи як маќола дар мавриди Абўабдуллоњи Рўдакї ба риштаи тањрир даровардаам, дар ин муњити маљозї барои адабдўстон ва бавижа ањолии шеъру фарњанг ва адаби Эрон, Тољикистон ва Афѓонистон биёварам…
……………………………
Абўабдуллоњи Рўдакї падари шеъри форсї дар ављи ќуллаи ришта ва занљираи назми форсї ба унвони бунёнгузори њувияти шеър ва забони  эронитаборон аст. Рўдакї аз ин назар падари шеъри форсї аст, ки то пеш аз ў њеч шоир соњибдевон набудааст ва ин навиштањои мутакалими бузурги муосири Рўдакї Абўњотам Ањмад ибни Њамдони Розї мусаљљал мегардад. Муњаќќиќон њамчунин Рўдакиро бунёнгузори ѓазали форсї ва мухтареи рубої медонанд. Агарчи пеш аз Рўдакї рубої ба навъе њам мушоњида мешавад, аммо ба назари бисёре аз донишмандон, аз љумла устод Љалолиддини Њумої Рўдакиро бояд мухтареъ ва мубдеъи рубої ба шакли кунунї мањсуб кард. Бузургии Рўдакї њатто ба  ин њад њам мањдуд намешавад. Ў нахустин касе аст, ки шеъри форсиро аз пайравии  мањзани шеъри арабї људо кард ва авзону ќаволиби љадиди форсиро ба вуљуд овард ва бо тарљумаи манзумањои мухталиф ва сароиши ашъори њакимонаву пандомўз ва низ таѓаззулот ва анвои шеъри роњро барои пешрафти назми форсї гушуд. Дар ќитъаи марѓуб ў бо матлаи «Њар кї н-омўхт аз гузашти рўзгор» ва дар идомаи он дар ду байт ба тартиби:
Мардумони бихрад андар њар замон,
Рози донишро ба њар гуна забон.
Љамъ карданду гиромї доштанд,
То ба санг андар њаме бингоштанд. –
ба хубї баёнгари ин аст, ки ў њатто чи басо аз дониши хондани санги навиштаи даврони бостон низ бањравар будааст. Лозимаи пай  бурдан ба азамат ва шукўњи Рўдакї ва наќши ў дар эњёи бахши муњимме аз њувияти эронї, яъне забони форсиро, наќб ба таърих донистанд, ки дар ин миён набояд наќши ашхос ва љараёнњоеро, ки бистари шаклгирии иќтидори забони форси дариро фароњам овардаанд, нодида гирифт, ки љараёнњои сиёсї ва иљтимоии наздик ба асри Рўдакї ба гувоњии таърих даврони иќтидор ва фурўпошии хонадони банї Умияро шомил мешавад. Давроне, ки даргирињои фаровонеро дар худ дорад, аз љумла авомили густариши забони форсии дариро дар ин замонаи пурошўб, шаклгирии силсилаи Сомониён дар навоњии шарќии Хуросон ва Мовароуннањр ва њукумати ин силсила бар кулли Хуросон ва Мовароуннањр, Кирмон ва Рай то соли 389 њ. ќ., шаклгирии љунбиши шуъубия ва ќиёмњои мутааддиди миллии дигар ва аз њама муњимтар нуфузи хонадони Бармакиён дар дарбори Сомониён ва таъсири чашмгири онон бар раванди густариши забони форсии дарї аст. Бармакиён хонадоне эронї буданд, ки ба хубї бо фарњанг ва тамаддуни гузаштаи Эрон ошної доштанд ва шояд њамин огоњии Оли Баромака ва таваљуњи хонадони Сомонї ба гузаштаи таърихї буд, ки эњёи осори гузашта ба забони форсии дарї равнаќ ёфт. Рўдакї низ дар замони Наср ибни Ањмади Сомонї ба дарбори ў роњ ёфт ва дар ин дарбор бо Барзўяи њаким дар пайванди наздик ќарор гирифт, Барзўя низ пизишки машњур ва вазири дарбори Хусрави Анўшервони Сосонї буд, ки дар замони ў китоби «Калила ва Димна»-ро аз њиндї ба порсии сосонї тарљума кард; дар њамон замон ин китоб аз порсї ба сурёнї тарљума шуд ва сипас дар замони Оли Аббос тавасути Ибни Муќаффаъ аз порсї  ба арабї тарљума гардид ва аз сурёнї низ ба забонњои дигар баргардонида шуд, аммо дар даврони исломї буд, ки матни порсии ин асар тавассути Рўдакї ба назм кашида мешавад. Фасоњат, љаззобат, алфози даќиќ ва маонии бадеъю амиќ дар ашъоре, ки аз устод Рўдакї то кунун барљо монда ва ба дасти мо расидааст, худ нишонгари мањорати волои ин устоди мусаллам дар шеър, адаб, њикмат, фиќњ, ањкому фалсафа аст ва њамин ињотаи комили ин пири хирадманди Самарќанд аст, ки бояд осори ўро беш аз ончи ки имрўз ба мо расида, ќаламдод кунем.
          Аз миёни осори фаровони Рўдакї, мутаассифона, ончи имрўз аз хилоли тазкирањо, ќомусњо ва кутуби таърихї боќї монда, танњо 1500 байт аст, ки бо таваљљуњ ба њаљми осори ў миќдори бисёр андаке аст. Аммо њамин ашъори маъдуди ў, ки њовии паёмњои кўтоњ ва пурмуњтавову мазомини бикре аст, баъд аз гузашти 800 сол пас аз ў ба тановуб ва такрор сувари мухталифи дастмояи осору афкору ашъори шоирон баъд аз вай мебошанд, чунонки њукамо ва шоирони бузурги давронњои баъдї њамчун Кисоии Марвазї, Носири Хусрав, Унсурї, Шањиди Балхї, Рашидии Самарќандї ва дигарон бар устодии ин меъмори чирадасти шеъри форсї иќрор кардаанд ва гурўње низ ба иќтифои ашъори Рўдакї рафта ва байт ё мисраъеро тазмин намудаанд, ки аз он љумла метавон аз бузургоне њамчун Ѓазоирии Розї, Усмон Мухторї, Мавлоно Љалолиддини Балхї ва Њофизи Шерозиро ном бурд.
          Дар баёни чигунагии фарогир шудан ва  мондагор шудани як забон метавон гуфт агар дар мамлакате чанд забон ва лањљањои мухталиф роиљ ва мутадовил бошад, танњо як забон  ё як лањља метавонад ба мартабаи забони расмї бирасад, машрут бар онки шоирони бузургу нависандагони бузург ба он лањља ё забон шеър бисароянд ва китоб иншо кунанд. Ин сухан бад-он маънї аст, ки ё суханварони бузург парчамдори забони хешанд ва бо як забони бузургу ѓанї суханварони бузургро мепарваронад. Дар Итолиё лањљаи фулуронс ба сабаби таълифи китобњои Данте ва Бокаччо ањмияти забони расмї ёфт. Дар Инглистон Љефри Човсар – падари шеъри Инглистон – ва китобњои ў забони англисиро ба маќоми баланде расонид, ки шоистаи адабиёти олирутбае бошад. Дар форсии дарї, гарчи пеш аз Рўдакї ашъоре гуфта буданд,  аммо шоире бузург бо табъе баланд ва ќуввае хориќулода мебоист зуњур мекард ва шеъри бисёр ба он забон месуруд, то рутбаи забони расмї тамоми мамлакат аз барои он муњриз шавад. Ин шоир касе љуз Рўдакии Самарќандї набуд, ки тарљењ дод шеъри худро ба забони форсии дарї бисарояд.
Забони форсї ба унвони бахше аз шиноснома ва њувияти эронї забони тафњим ва тафоњуми њамаи мо эронитаборон ва форсизабонон аст ва боиси тафохур ва сарафрозї аст, ки ин забон асоси ганљинае гаронбањову гаронсанг аз шуаро ва нависандагону суханварони номдори муштараки гузаштаи мо ќарор гирифта, ки падари њамаи онон Рўдакии бузург аст.
خواندن 1516 دفعه آخرین ویرایش در پنج شنبه, 22 آبان 1393 ساعت 03:30

نظر دادن

یادی از دوران نمایندگی در مجلس شورای اسلامی

پشت صحنه حضورم در برنامه زير نور ماه در شبكه جهانى سحر

تازه ها

درگذشت احياگر موسيقي «فلك» ،  صفحه اول روزنامه اعتماد 1402/12/2

درگذشت احياگر موسيقي «فلك» ، صفحه اول روزنامه اعتماد 1402/12/2

دوشنبه, 03 ارديبهشت 1403 09:35

استاد دولتمند خال‌اف‌ خواننده «آمدم ‌اي شاه پناهم بده» و «دور مشو، دور مشو» به ابديت پيوست.  دوست گرامي‌ام استاد دولتمند خال‌اف، آهنگساز، نوازنده و احياگر موسيقي «فلك»‌ دار فاني را...

بعثت شادابي حيات - صفحه اول روزنامه اعتماد 1402/11/18

بعثت شادابي حيات - صفحه اول روزنامه اعتماد 1402/11/18

پنج شنبه, 19 بهمن 1402 12:00

غبار كدورت و تيرگي فرونشسته بر جهان چنان غليظ بود كه گويي هيچ صبحي در پس پرده نيست و خورشيد روشناي خويش را براي هميشه از زمين برگرفته است و...

حضور در تئاتر لیلی و مجنون در تالار وحدت ؛ نمایشی از یعقوب صدیق جمالی

حضور در تئاتر لیلی و مجنون در تالار وحدت ؛ نمایشی از یعقوب صدیق جمالی

سه شنبه, 10 بهمن 1402 18:18

نمایش لیلی و مجنون به کارگردانی و نویسندگی یعقوب صدیق جمالی به زبان ترکی آذربایجانی بر اساس مثنوی «لیلی و مجنون» اثر حکیم ملا محمد فضولی در تالار وحدت تهران...

بزرگداشت هشتادوچهارمین سالگرد تولد استاد ساوالان

بزرگداشت هشتادوچهارمین سالگرد تولد استاد ساوالان

پنج شنبه, 21 دی 1402 18:25

روز یکشنبه سوم دی ماه کانون هنرمندان آذربایجان در تهران ، مراسمی به مناسبت هشتاد و چهار سالگی استاد حسن مجید زاده متخلص به ساوالان برگزار کرد . در این...

" جلوه رفیع جلال "، پاسداشت نیم قرن تلاش استاد جلال رفیع در عرصه روزنامه نگاری

" جلوه رفیع جلال "، پاسداشت نیم قرن تلاش استاد جلال رفیع در عرصه روزنامه نگاری

پنج شنبه, 21 دی 1402 15:22

تالار سید محمود دعائی در موسسه اطلاعات روز سه شنبه دوازدهم دی ماه شاهد مراسمی به یاد ماندنی بود . این مراسم که برای تجلیل از خدمات نیم قرن استاد"...

پای سخن شاگرد استاد شهریار ؛ بسیاری از اشعار شهریار منتشر نشده است.

پای سخن شاگرد استاد شهریار ؛ بسیاری از اشعار شهریار منتشر نشده است.

سه شنبه, 23 آبان 1402 15:34

 شاعر و نویسنده زبان و ادبیات فارسی و از شاگردان استاد شهریار بیان کرد:متاسفانه شهریار شناسی در ایران هنوز بسیار ضعیف است، درحالیکه در دانشکده های پیرامونی لااقل در دانشکده...

حق تكثير كليه محتواى تصويرى، صوتى و نوشتارى اين وبسايت متعلق است به على اصغر شعردوست .